Марафон чӣ хел мегузарад?
Марафони қиссаҳои “НАҚЛ КУН” аз мушаххасоти зерин иборат аст:
3 онлайн-марафон
Дар назар дошта бошед, ки ҳар онлайн-марафон ҷадвали мушаххаси худро дорад (тафсилоти бештар дар зербахши Ҷадвал) ва сабти номи саривақтиро талаб мекунад.
3 мавзӯи муҳим ва комил
Саломатии рӯҳӣ ва ҷисмонии наврасон
Иштироки бошуурона
Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист
Шабакабандӣ
Пас аз сабти ном ё бақайдгирӣ, шумо ба чати пӯшидаи Telegram ворид карда мешавед. Онҷо бо иштирокчиёни дигар шинос шуда, одамони ҳамфикри худатонро пайдо карда метавонед!
Муҳтавои босифат
Дониш ва таҷриба мӯъҷизаофаранд: марафони мо ба шумо имкон медиҳад, ки маҳорати худро дар самти эҷоди муҳтавои босифат такмил бидиҳед. Инчунин он барои ба ҷомеа расонидани фикру андешаҳои шумо вобаста ба мавзӯъҳои мухталиф кӯмак мерасонад.
9 ғолиб
Дар ҳар як онлайн-марафон 3 нафар ғолиб эълон мешавад, ки мутаносибан ҷойҳои 1, 2 ва 3-ро соҳиб мешаванд. Дар маҷмӯъ, дар марафони қиссаҳои “НАҚЛ КУН” 9 ғолиб хоҳем дошт.